БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД , ҲАР КӢ БУНЁДАШ БА ДАСТ…

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо  бо тамошои филми “Хиёнат“ сокинони ҷумҳурӣ ва тамоми башарият аз хиёнатҳои роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИ ҳоло Паймони миллӣ  Муҳиддин  Кабирӣ  огоҳӣ пайдо намуда,,  нисбати ин хоинони ватанфурӯш  лаънат мефиристанд. Аз тамошои филм маълум мешавад , ки Кабирии малъун ва пастфитрат воқеан ҳам душмани Ватан будаасту ба хотири пулу сарват ва қонеъ сохтани нафсаш омодааст, зану фарзандашро ҳам бифурӯшад. Дар ҳақиқат  он хиёнатҳое, ки ин  бадхоҳи миллат  дар ҳаққи  миллату давлат кардааст ҳаргиз фаромӯш  ва бахшида намешавад.Боиси таасуф аст, ки ин гумроҳ  бо дастгирии хоҷагони  хориҷиаш якчанд нафар ақлбохтагонро дар гирди худ  ҷамъ намуда,  боз мехоҳад, ки такроран хиёнатро содир намояд . Аз ҳамин сабаб имрӯз бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ин афроди зархарид мехоҳанд бо суханҳои пучу бофтаашон дар байни мардум ихтилоф андозаду вазъи орому осоиштаи мардумро ноором созанд.  Вале бехабар аз онанд , ки мардуми Тоҷикистон дигар ҳеҷгоҳ ба гуфтаҳои ин гуна  хоинону зархаридон ва бевиҷдонон бовар намекунанд ва медонанд, ки иблиси Муҳиддин  Кабириву дигар ҳаммаслаконаш худро дар либоси «фаришта» андохта, мехоҳанд боз ҷангу ҷидол,  қатлу куштор ва дигар амалҳои террористию экстремистиро анҷом дода, нақшаҳои хоҷагони хориҷиашонро  амалӣ созанд. Маҳз мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ин хоинони миллат бо дассисаву дуруғгӯӣ, иғвоангезиву маҳалгароӣ, ҷудоиандозии худ вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанду бар сари ин миллати тамаддунофар бадбахтӣ оранд.

Дурманова Нигорамо,  волонтёри назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg