![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%90%D0%9A%D0%91%D0%90%D0%A0%D0%9E%D0%92%20.jpg?itok=s-H3lh36)
АНДЕША. Заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот ва сарҷамъ кардани миллат кишвар ниҳоят калон буда, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодир баҳогузорӣ карда шудааст.
Раванди сулҳофарӣ аз Иҷлосия 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва то имрӯз дар мамлакат давом дорад. Бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди фоҷиабори дар ҷумҳурӣ боз дошта шуд. Зеро гурӯҳҳои мухолиф ҳам дар симои ин шахсият амалисозандаи орзую омоли миллати тоҷикро эҳсос намуданд.
Ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар он замони беқонунӣ, ки душманон мехостанд сохти конститутсиониро тағйир диҳанд, кори саҳлу осон набуд. Ягон нафар кафолати зинда мондани худро дода наметавонист. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро бо номҳои бадномкунандаи миллат “ҷанги бародаркуш”, “ҷанги бемаънӣ” ба забон меоварданд ва дар ҳақиқат чунин ҳам буд, боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор одамони бегуноҳ, хароб ва нест гардидани ҳазорҳо манзилҳои истиқоматӣ, гуреза гардидани бештар аз як миллион нафар сокинони кишвар гардид ва ба давлат бештар 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27 июни соли1997 ба Сарвари давлат даст дод, ки дар шаҳри Москва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ имзо гузошта шавад. Ин рӯзи фаромӯшнашаванда дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Ҳамин ваҳдату ягонагии миллат буд, ки мо ба ин рӯзҳои пурсаодат расидем. Вале бо имзои шартнома сулҳу субот дар Тоҷикистон яку якбора барқарор карда нашуд, зеро буданд душманони миллат, ки мехостанд ба ҳар роҳе набошад ба сулҳи тоҷикон халал ворид намоянд. Он шартномаи деринтизори сулҳу оштиро бекор созанд ва Тоҷикистонро дубора ба гирдоби ҷанг кашад. Бинобар ҳамин Пешвои миллат барои татбиқи шартномаи сулҳ дар солҳои минбаъда ҳам заҳматҳои зиёд кашид ва ба он ноил гардид, ки дар Ватани азизамон - Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ҷовидона барқарор карда шавад.
Мо имрӯз бо ифтихор ва сарбаландона гуфта метавонем, ки тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо амалҳои нек ва фаъолияти инсондӯстона, бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд.
Файзулло Акбаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 14