БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат нақшаест барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолии шаҳр»  бо иштироки корманди масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Одил Ализода вохӯрӣ доир гардида,  дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада,  қайд намуданд, ки Пешвои миллат  дар Паёми худ иброз доштанд, ки  дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ба сокинон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg