БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: ФАРОВОНИИ ДАСТУРХОНИ ШУМО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ва аз як замин бародоштани ду-се ҳосил шиори кишоварзону деҳқонони шаҳри Кӯлоб буда, ҳамеша пайи бардоштани ҳосили фаровон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Бо мақсади  амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба истифодаи самараноки  ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо кишоварзони шаҳр  суҳбату мулоқотҳо  анҷом дода, онҳоро ба меҳнати содиқона даъват менамоянд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои корами сокинони деҳаи Дамариқи Ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатиро  дастрас карданд.

Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб зимни мулоқот ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъа замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади  ба даст овардани ду-се ҳосил аз як замин, тамоми шароитҳои мавҷударо ба харҷ дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg