ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дубора авҷ нагирифтани бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳаи Чаманистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар суҳбат масъулин таъкид карданд, ки ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои дар ихтиёрдоштаи сокинон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ба манфиати ҳар як оила буда, моро зарур аст, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашки кори худ қарор дода, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ талош варзем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Дар охир ҷамъомадагон ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, ки тозагӣ гарави саломатӣ мебошад, раҳнамоӣ карда шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.