КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат” давоми чанд рӯзи охир дар кӯчаю маҳалҳои шаҳри Кӯлоб бо иштироки васеи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Аксияи таблиғотӣ баргузор карда мешавад. Чунин як вохӯрӣ дар маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.
Дар рафти баргузории Аксияи мазкур ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки заминҳои худро самаранок истифода бурда, ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ бояд қоидаҳои беҳдоштии тавсияшудаи Вазорати тандурустиро қатъиян риоя намоем, худ ва наздиконамонро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз кунем.