ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба самаранок истифодабарии замин ва пешгирӣ аз хавфу хатари коронавирус бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Данғара бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Дар чорабинии мазкур масъулин барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ маслиҳатҳо дода, сарчашмаҳои пайдоиш, роҳҳои гузариш ва роҳҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро ба дарки ҳамагон расониданд.