КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ. Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. Бо мақсади истифодаи ҳар қитъаи замин дар шаҳри Кӯлоб деҳқонон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои корами кишоварзони ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод”, деҳаи ба номи М. Ғаффор дидан намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона даъват карданд. Сокинон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки баъди бардоштани ҳосил, боз ба коркарди замин машғул шуда, ба ин васила мехоҳанд бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.