ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қасри фарҳанг” -и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Восеъ вохӯрӣ ва суҳбатҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза оид ба нишонаҳо ва пешгирии бемории коронавирус суханронӣ намуда, иброз дошт, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ҷойҳои серодам бе ниқоб гаштугузор накунанд ва аз хонаҳояшон бе зарурат набароянд. Моро лозим аст, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро риоя карда, саломатии худ ва наздиконамонро ҳифз намоем.