ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Навободи Ҷамоат деҳоти Тугарак корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Зимнан намояндагони ҳизбӣ оид ба пешгирӣ намудани бемории сироятӣ коронавирус ба сокинон тавсияҳо дода, ҳушдор доданд, ки ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд.
Дар фарҷом ба сокинон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус тақсим карда шуд.