БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҶАЛАСАИ СИТОД ШАХСОНИ МУТАСАДДӢ ДАСТУРҲОИ ҚАТЪӢ ГИРИФТАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҶДММ “Фаровон - Қӯрғонтеппа” ҷаласаи навбатии ситоди навбатӣ доир гардид. Дар кор ҷаласа директори ҶДММ “Фаровон - Қӯрғонтеппа” Шерхонзода Ҳайдар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, намояндагони бахши амнияти хӯроквории шаҳр, ШВКД, МНДСЭ-и шаҳр ва аъзои Ситод  иштирок доштанд.

Зимнан Иброҳимзода Неъматулло оид ба масъалаи мазкур суханронӣ карда, афзуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар ташкилоту идораҳои шаҳри Бохтар ситодҳои дохилиидоравӣ оид ба муқовиммат бо коронавирус таъсис ёфтааст.  Моро лозим аст, дар ҷаласаи мазкур масъалаи мубориза бо КОВИД-19-ро муҳокима намуда, ҳамзамон тадбирҳои пешгирикунандаи сироятёбӣ аз коронавирусро дар бозор ба шаҳрвандон дуруст фаҳмонем, ки қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани фосилаи байниҳамдигариро риоя намоянд. Зеро риоя кардани қоидаҳои  беҳдоштӣ ҳам ба манфиати худи онҳо ва ҳам ба манфиати ҷомеа мебошад. Дар идома Шерхонзода Ҳайдар дар бораи тадбирҳои роҳандозишуда дар самти муқовиммат бо коронавирус дар бозор сухан гуфта, ба шахсони мутасаддии бозор дастур дод, ки фаъолияти соҳибкорону фурӯшандагон ва мизоҷон, махсусан, даромадгоҳҳои бозорро зери назорати қатъӣ гиранд.

Дар идома аз ҷониби волонтёрон дар дохили бозор Аксияи иттилоотӣ – тарғиботӣ гузаронида шуда, зиёда аз 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастраси фурӯшандагону харидорон карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg