БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ ТАВАССУТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи омодагиҳо бахшида ба таҷлили 23 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бохтар тибқи  дастури раиси шҳари Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар хиёбони “Ваҳдат” корҳои ободонӣ доир гардид. Дар оғоз бо ҳашарчиён муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста дар майдони Нишони давлатӣ суҳбат ороста, таъкид дошт, ки мо бояд ин санаи фархундаро дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намоем. Сипас, аз ҷониби волонтёрон ба иштирокчиёни ҳашар ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус тақсим карда шуд. Бояд гуфт, ки дар ҳашари баргузоргардида кормандони муассисаҳои таълимии шаҳр ва омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg