БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳр дар маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур огоҳ намудани сокинон аз бемории сирояти КОВИД -19 мебошад. Сараввал муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста бо аъзои гурӯҳи корӣ ҳамсуҳбат шуда, доир ба моҳияти баргузории чорабинӣ ибрози андеша кард. Ба фаъолият оғоз намудани бозору марказҳои хизматрасонӣ баъзе аз сокинони мамлакат нисбат ба ин бемории мазкур ҷиддӣ рафтор накарда истодаанд. Аз ин рӯ, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ вазифадоранд, ки то ҳол вуҷуд доштани хатари ин вабои асрро ба мардум дуруст фаҳмонанд.
Нигоҳ доштани фосили байниҳамдигарӣ ва пӯшиданӣ ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шустани дастон мунтазам бо собун ва истифода намудани маҳлулҳои антисептикӣ, нӯшидани оби ҷӯшонидашуда, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, тамизкорӣ намудани хона бо маҳлулҳои хлордор ва ғайра, ки бар мубориза бо ин беморӣ лозим аст, таъкид карда шуд.
Гурӯҳи тарғиботӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ШВКД ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба сокинон зиёда аз 200 адад ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.