БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ НИЗ САМАРАНОК ИСТИФОДА ШУДААНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин миёни омӯзгорони муассисаи таълимии №10 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар баробари таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар ин давраи таътил ҳар як омӯзгор бо як ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣ дар пешравии ҷомеа ҳиссагузор бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки омӯзгор як шахси фаъол ва муҳими ҷомеа шинохта шуда, аксари нафарон ба онҳо пайравӣ менамоянд. Аз ин рӯ, барои истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва ба гулистон табдил додани заминҳои гирду атрофи муассисаи таълимӣ  дастаҷаъмона меҳнат намоянд.

Ҳамчунин,  қайд гардид, ки таътилотро нигоҳ накарда пайваста  аз ҳолу аҳволи  хонандагони хеш бохабар бошанд ва волидайни онҳоро огоҳ созанд, ки фарзандонашонро ҳамеша зери назорат гирфта, барои саводнокии онҳо ва ақиб намодан аз илму дониш шароити арзандаро муҳайё кунанд.  Дар охир ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg