БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО СОЛИМ НИГОҲ ДОРЕД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус дар Бунгоҳи тиббӣ ва ташкилоти ибтидоии  “Ҷавонон” мулоқот баргузор намуданд.

Масъулин дар рафти чорабинӣ ҷиҳати фаҳмонидани шаҳрвандон аз пешгирӣ ва риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдошт, бахусус риояи фосилаи байниҳамдигарӣ, гигиенаи шахсӣ ва инчунин, тез-тез шустани шустани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ суҳбат карда, баён доштанд, ки  тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ дар кишвар агарчӣ рӯ ба коҳиш оварда бошад ҳам, ин ба маъное нест, ки шаҳрвандон ба мавҷудияти хатарҳои беморӣ бепарво бошанд. Дар фарҷом ба сокинон маводҳои итилоотӣ ва ниқобҳо дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg