БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ СУЛҲОФАРӢ ВА ВАҲДАТГАРОИСТ

АНДЕША. Қиссаи ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ва ба Ваҳдати миллӣ расидани миллати тоҷик матлаби наву тоза нест, ки мардум бори аввал мешунидаву мефаҳмида бошад. Ин достон борҳост ба гунаҳои мухталиф ва рангин саҳифаҳои бешумори китобу маҷаллаву рӯзномаҳо ва эфири барномаҳои радиову телевизионро пур карда, ҳатто саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро низ бидуни матолибе, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ ва Ваҳдати миллии миллати тоҷик дарак бидиҳанд, пайдо кардан ғайриимкон аст. Тамоми саҳифаҳои иҷтимоии дохили кишвар ва ҳатто қисмате аз сомонаҳои иҷтимоии кишварҳои дигар низ дар бораи ҳодисаҳои ғайри қобили таҳаммули солҳои 1992-1997 ва воқеаи таърихии шодиафзои миллати тоҷик. яъне расидан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиби гуногуне интишор ва дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардонанд. Ҳамин аст, ки имрӯз қисмати аъзами мардуми сайёраи Замин дар бораи паси сар кардани 5-солаи талх ва расидан ба Ваҳдати комили миллии тоҷикон огоҳии хубе доранд ва онро намунаи беҳтарини сабақи сулҳофарин ва ваҳдатгароӣ пазируфтаанд.

Он шабу рӯзҳо барои ҳифзи давлату миллати тоҷик аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ кам набуданд нафароне, ки сина сипар карда, дар муқобили ҳама гуна мушкилоту сахтӣ мубориза мебурданд. Аз миёни ин гуна ҷавонмардони Ватан Эмомалӣ Раҳмон ба майдони мубориза бар зидди нооромӣ ва бар зидди парокандагӣ баромад ва аз ҳамон лаҳзаҳои аввали вориди ин майдон шуданаш ҳадафаш расидан ба оромиву амният ва суботи комил ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқи диёраш буд. Маҳз ҳамин нияти нек ӯро дар ин роҳ комёб ва баъдан сазовори унвони олии Пешвои миллат гардондаш.

Оид ба корнамоиҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бозсозӣ ва барқарор намудани истиқлолияту амният ва суботу оромии давлату миллат саҳифаҳои таърих маълумоти бешумореро дар худ ҷой додаанд, ки он ҳама далолатгари ҷоннисорӣ ва ҷонфидоии ин шахсият ба милллати тоҷик ва кулли мардуми Тоҷикистон аст.

Дақиқан дар он солҳо кам касоне  ба ояндаи нек боварӣ доштанд ва ҳамагӣ дар хавфи аз даст додани ҷони худ буданд, ки шояд имрӯз ё фардо фано меёбанд, вале ин ҳаросу ваҳм ва нобасомониҳоро Призиденти кишвар  бо кумаки Худо ва дуои пирони барнодили диёр ва дастгириву ҳамраъйии миллати тоҷик ва кулли мардуми Тоҷикистон як тараф гузошту аз пайи амалӣ намудани ҳадафҳои башардӯстонаи хеш роҳсипор шуд ва мардумро дилгарм ба фардои дурахшони зиндагонӣ дар Тоҷикистон менамуд. Бо ҳамон матонату мардонагӣ мегуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам!».

Бо кумаки Офаридгор ва дуои бузургони миллат ин марди наҷиб тавонист, ки гурезаҳои дур аз Ватанро бозгардонад ва барқарор  намояд ободкориву созандагиро дар меҳани аҷдодӣ.

Таърихи башарият нишон медиҳад, ки бе Ваҳдати миллӣ ва оромиву субот ягон давлате пойдор буда наметавонад ва ин асолатро мардуми тоҷик бо пешниҳодоти раҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуданду гоми созандагӣ ниҳоданд ва имрӯз дар ин росто то ҷойи назаррасе муваффақ ҳам шуданд.

Комёбии бузургтарини миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ,  таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ,  таҳкими худшиносиву худогоҳӣ,  болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар  миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст,  ки маҳз  ба  шарофати хиради  азалии  мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Мо-насли имрӯза бояд хуб дарк  намоем,  ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта шудааст. Ин  рисолати хайр, яъне ҳифзу  обод  кардан  ва  ба  наслҳои оянда  ба  мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш  масъулияти бузург  дорад  ва ҳар  яки  моро вазифадор менамояд,  ки ҳамеша  ба  хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри  худ,  густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош  намоем ва инчунин, барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти  бузурге  бар  дӯш дошта  бошем.

Дар  ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист,  ки имрӯзҳо мо озодона  дар  тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият  намоем.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд,  ки ваҳдату якдилӣ рукни асосии давлати озод,  рамзи шарафу номуси ватандорӣ  ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Имрӯз бо шукргузорӣ аз неъматҳои сулҳу Вахдати миллӣ ва фазои ороми Тоҷикистони биҳиштосо ба  хотири эътибори бештар пайдо намудани Ватани маҳбубамон  дар  арсаи байналмиллал бо дониши комил,  зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси  сар намуда, дар  пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.

Ватанзода Саидҷаъфар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg