ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим Носир бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор дар корҳои хонагӣ, тарбияи дурусти ҷавонон ва дар замири онҳо ҷой кардани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мавсуф мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳанмоӣ намуд.