Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо омӯзгорону кормандон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор иштирок карда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон оид ба масъалаҳои номбурда ақидаҳои хушро баён дошта, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Дар қисмати интиҳоӣ якчанд нафар омӯзгорону кормандони муассисаи мазкур барои пайвастан ба сафи ҳизб ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ариза пешниҳод намуданд.