БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ ИДИ ЯКДИЛИЮ ҲАМБАСТАГИСТ

АНДЕША. Ҳамасола рӯзи 27-июн дар тамоми қаламрави Ватани азизамон ҳамчун рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ваҳдат - мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз завол ёфтан наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо расонид.

Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд.

Расидан ба Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллат ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад.  

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар рӯзҳое доир мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фидокорона меҳнат карда истодаанд.

Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, бо гузашти солҳо нақши таърихии онҳо бештару фузунтар мегардад.

Бисту се сол қабл аз ин 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи пойдори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷат ифодагари пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар гардид. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун сарчашмаи сулҳу субот, ягонагию якпорчагӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ пазируфта, муқовимати сиёсиро бо ризоияти таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишод дод.

Қадамҳои неку устуворона, сиёсати пайгиронаву хирадмандона, кӯшишу талошҳои беандозаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба қуллаҳои умед ва пирӯзӣ оварда расонид.

Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бешубҳа оғози раванди эҳёи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳаракати Ваҳдати миллист.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб шарҳ додаанд, ки "Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст".

 

Таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки фақат ҳамон халқе ба қуллаҳои баланди мурод расида метавонад, ки бо ҳам дӯсту иттифоқ ва меҳрубон бошанд.

Аз ин хотир моро зарур аст, ки баробари шукргузориҳо аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон азму талошҳои худро ба таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон роҳ ёбад.

Сулҳу оромие, ки дар кишвари мо фароҳам омадааст, сарвати бебаҳо ва бузургтарин дастоварди халқамон буда, эҳтиёт ва ҳифз намудани он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҳамсафон ва кулли мардуми тоҷикро бо фарорасии 23-умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфтаа, ба  Шумо сиҳатмандӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ ва рӯзгори неку осударо орзу менамоям.

Ҷумаев Алиҷон, мудири бахши ҷавонони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg