КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам барои пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус дар ҳамаи маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳотҳо ва роҳравҳои марказҳои шаҳри Кӯлоб Аксия бо усули "хона ба хона" гузаронида истодаанд.
Вобаста ба ин масъулин ҳангоми тақсим кардани маводҳои таблиғотӣ ба сокинони маҳаллаи Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус маълумоти муфассал дода, огоҳ сохтанд, ки худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ ҳифз намоянд.
Инчунин, зимни баргузории чорабинӣ маводҳои таблиғотӣ, аз қабили варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, ки беш аз 300 ададро ташкил медод, тақсим ва дастраси сокинон гардонида шуданд.