ВОКУНИШ. Ҳамватанони азиз, алалхусус занону ҷавонони саодатманди давлати соҳибистиқлоли кишвар!
Чун ин лаҳза нигоштаи маро мехонь медонам, ки аз ояндаи давлати зебои тоҷикон, ки пора- пора ҷамъ гардидааст бетараф нестӣ. Медонам, ки мехоҳӣ зиндагии шоиставу арзандаеро дошта бошӣ. Медонам, барои фарзандону азизонат беҳтарин шароитҳоро хоҳонӣ.
Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» чеҳраи ҳақиқии нафаронеро нишон дод, ки бухлу кина ва ҳасуд хӯрдан чашмонашонро кӯр кардааст. Мехоҳанд як Ватани ободу зеборо несту нобуд созанд ва дар заминаи садҳо ҳазор куштагон, ятимон ва модарони синачок аз нав Тоҷикистон бисозанд.
Тоҷикистонеро, ки обод аст, Тоҷикистонеро, ки 28- сол мешавад, парчами меҳру муҳаббаташ парафшон аст. Рӯз ба рӯз ваҷаб дар ваҷаб обод гардида, мардумаш зиндагии шоистаеро ба сар доранд. Кӯдаконаш шоду масрур пайи илму адабанд. Модарон соҳибилм гардидаву бо сад умед фарзанд ба дунё меоранд. Мардони баномусаш қисм дар Ватан ва қисме дур аз Ватан пайи ободии хонадони худ ҳастанд. Онҳо бо дили пур сӯйи хориҷ равонанд, зеро медонанд, ки хонадонашон тинҷу осоиштааст. Фарзандонашон бе ягон тарсу ваҳм ба мактаб мераванд. Шароити хуби илмомӯзӣ, мактабҳои замонавӣ, коллеҷу донишгоҳхои касбу ҳунаромӯзӣ дар хизмати мардумаш аст. Аммо ҳамон афроди хиёнатпеша ба мисли роҳбарону аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба мисли Кабирӣ, Салипур, Юнус Бурҳонов ва дигарон, ки аз худ киссаҳои бофта сохта, ҷавононро ба доми худ кашида номи миллати тоҷикро доғдор месозанд. Ин филм боз як бори дигар моро ҳушдор сохт, ки онҳо кистанд. Хабарҳои бардурӯғу қиссаҳои бофтаи хайёлии ин шахсиятҳои мариз, ки дардашон бе даво аст, набояд заррае дар дили мо шак оварда бошад. Зеро мо беҳтарин Ватан дорем, беҳтарин неъмати Илоҳӣ сулҳу амонӣ дорем, беҳтарин Пешво дорем.
Мо занону модарон намегузорем хатогие, ки соли 1992 сар зад, такрор шавад. Ҳарчанд кӯшишҳои зиёде доранд он хиёнатпешагон, ки заррае меҳр ба Ватан ба модар надоранд. Яъне, ки имон надоранд. Дӯст доштани Ватан нишонаи имондорӣ мебошад, пас нафари имондор чи гуна метавонад қотил бошад? Онҳо қотиланд. Котили писарони мардуми тоҷик, ки дар хоки Яману Сурияву Ироқ хокистаранд. Қотили сарбозони бегуноҳи дараи Камаров, ки хунашон ҷӯйбор гашт. Қотили ҳазорҳо куштаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ.
Қосимова Назокат, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ