ВОКУНИШ. Бо тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар метавон аз касифӣ, ноодамӣ , зархаридӣ , ватанфурӯшӣ, бевиҷдониву хиёнаткории бархе аз шахсони манфур огоҳӣ пайдо намоем. Ба чунин ашхоси палид , ки баҳри пулу мол ва сарват аз тамоми муқаддасот ва ҳатто аз инсонгари рӯй гардонидаву баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои хоҷагонашон талош намуда истодаанд, дохил мешавад Муҳиддин Кабири ва ҳаммаслаконаш , ки бо ҳазорон дассисаву иғвоангези чеҳраи манфури худро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон борҳо нишон додаву имрӯз мехоҳад бо иваз намудани номи ТТЭ ҲНИ ба Паймони миллӣ тамоми хиёнату амалҳои ноҷавонмардонаи худро пӯшонаду худро ҳамчун некхоҳи мардум нишон диҳад , вале ҳанӯз аз ёди мардум он рӯзҳои вазнину мудҳиш зудуда нашудааст.Маҳз бо иғвоангезиву дассисаҳои ин афроди зархарид буд, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркӯш ҷони 150 ҳазор ҷавонону мардон рабуда шуда , зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Бо дарки амиқи ниятҳои эшон мардуми тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик бо ҷонбозию ҷонфидоии фарзандони фарзонааш нақшаҳои нопоки ин афродро зуд пайбурда , тавонистанд бо муттаҳидӣ ва якдиливу ҳамдигарбахшӣ соҳиби беҳтарин неъмат Истиқлолияти давлатӣ гарданд. Имрӯз бо ба даст овардани ин неъмат давлату миллати тоҷик ба натиҷаҳои назарраси давлатдорӣ ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар мегардад.Вале чашми ҳасудон , душманон, бадхоҳони давлату миллат инро дида натавониста, боз меҳоҳанд бо ҳар роҳу васила бар сари мардум зулму ситам, қатлу куштор ва даҳшатро биоранду бар ивази луқмаи аз хоҷагонашон гирифта ҳадафҳои онҳоро амалӣ созанд. Дар сафи аввали чунин нокасон Муҳиддин Кабирӣ меистад, ки имрӯз аз сӯи хоҷагонаш истифода шуда, ба қиммати андаки мол беҳтарин муқаддасот ба монанди Модар -Ватан, имон ва номусашро фурӯхта мехоҳад аз ҳар як вазъияти ба амал омада истифода карда , ба неъматҳои арзишманди давлату миллат ба монанди Истиқлолият, Ваҳдату якдилӣ ва тинҷиву амонии мардумро халалдор созад. Вале бо боварии калон метавон гуфт , ки тамоми кӯшишҳои ин хоини ватанфурӯш барбоди фано рафта, мардуми оқилу сулҳпарвари Тоҷикистон бо азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстдориву меҳанпарастӣ ва зиракии сиёсии худ ҳеҷгоҳ намегузоранд, ки нохалафе ба ин сарзамини аҷдоди бори дигар бо чашми бад нигарад.
Маҳмадов Одилҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Вахш