БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТКОРОН ДИГАР БАХШИДА НАМЕШАВАНД

ВОКУНИШ. Тайи чанд рӯзи охир тавассути шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуда, доир ба амалҳои ғаразноку манфуронаи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо далелҳои асосноку раднашаванда пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Воқеан, ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом аз солҳои 70-уми асри гузашта дар заминаи арзишҳои динӣ ташаккул ёфта, баъдан ба хотири иқтидору ба сиёсат расидан тамоми имкониятҳои зеҳнию равонӣ ва ҷисмонию ҳарбиро рӯи даст гирифт. Ин ташкилоти террористӣ дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бо назардошти эътиқоди динии мардум дар заминаи исломи ноб исломи тундгароро як бахши умдаи тарбияи сиёсии ҳаводоронаш сохта, ҳазорҳо ҳамватани моро бехонумон кард. Ҷони ҳазорҳо ҳамватани мо дар ин бозиҳои сиёсӣ, ки дастандаркоронаш аз аввал то ба охир дар ҷомаи ислом пора карданд, аз байн рафт.

Дар воқеъ, тамоми аъмоли ҷинояткоронаи тарафдорон ва ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо далелҳои қотеъ дар ин филми ҳуҷҷатӣ исбот шудааст, вале мутаассифона ин тӯдаи гулу гумроҳ чун ҳарвақта худро ба истилоҳ «мӯсичаи бегуноҳ» медонанд. Аз ҳама бадтар ҷавонони моро  ба ҳар роҳу васила ба доми худ меафтонанд ва аз ин қишри ҷомеа ба манфиати шахсию гурӯҳӣ истифода менамоянд.

Таърих ва ҳаводиси он борҳо исбот кардааст, ки  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ба ҷузъ ғаразҳои сиёсӣ ягон барномаи мушаххаси солиму ба манфиати халқу давлат надорад. Танҳо истифода аз номи ислом ва давлат рондан дар заминаи ақидаҳои хаёлӣ ва ба манфиати як гурӯҳ бозтоб намудани арқоми шариат фаъолияти ҳаррӯзаи ин тоифа «диндорон» маҳсуб меёбад.

Бинобар ин месазад, ки дар радифи шинохти асили чеҳраҳои сиёсӣ дурбину боандеша бошем ва бештар ба санаду далелҳои муътамад такя ва бовар созем. Зеро суханбозӣ дигар асту давлатдорию давлатсозӣ дигар. Ба қавле, хиёнаткорон дигар ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд. Чанд маротибае, ки тарафдорони сарсахти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бахшида шуданд, онҳо ба бозиҳои пасипардагии худ идома дода сари миллату давлат мушкилоти ҷиддиеро таҳрик сохтанд.

Мусаллам аст, ки иродаи солим ҷомеаи солим месозад. Бо туҳтаму буҳтон ва бадномсозии чеҳраҳои сиёсӣ, ки барои ин марзу бум тамоми ҳастии худро бахшидаанд наметавон дигар орази ғашину дар хуни халқ ғарқшударо пинҳон сохт. Имрӯз мардум ба хубӣ медонад, ки қаҳрамон кисту душман кист!

Алорағми бадгӯии ҳама хоинон кишвари мо-Тоҷикистон пеш меравад, зиндагии мардум рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад.

Зери султаи сулҳу ваҳдат ва дастгирӣ аз сиёсати раиятпарваронаи Роҳбари давлат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи расидан ба рӯзгори босаодат ва муаррифгари миллату давлат дар сатҳи ҷаҳонист, ки мо бояд ба қадру манзалати он расем.

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg