ВОКУНИШ. Пас аз пош хӯрдани давлати бузурги Шӯравӣ Тоҷикистони азизамон ба ҳаволаи нимидоракунӣ гузошта шуда буд. Ба мамлакати мо аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя идеалогияҳои гуногун ворид мешуданд, аз ҷанубу шарқ Покистон бо «Толибон» ақидаҳои миёнаасрии динӣ, Туркия бошад ба воситаи ворид сохтани системаҳои динӣ, анъанаҳои дигаргун, омӯзондани забон, аз кишварҳои ғарб бошад ба тариқи сармоягузорӣ ба пешхизматони дохилии Тоҷикистон саҳми худро соҳиб шудан мехостанд. Ҳамаи ин ҳамсоякишварҳо як мақсад доштанд, аз байн бурдани давлати тоҷикон ва ба сари қудрат омадани қувваҳои ғайридемократӣ буд. Ровию сухандонҳо ба хоҷагони хориҷӣ пайравӣ карда, роҳбари ташкилотҳо ва гурӯҳҳои динӣ гаштанд. Яке ба наҳзатӣ, дигаре ба салафӣ ва сеюмин ба ваҳобӣ ҷудо шуданд. Мардуми низоънадидаи кишвар ба суханони ин палидон бовар карда, мубориза ва майдоншиниҳоро оғоз намуда, куштору бераҳмӣ, оташзанӣ, дуздиву роҳзанӣ ва ахиран маҳалпарастӣ кишварро ба гирдоби ҷанг кашид. Яке дигареро кофар мехонд, ки ин боиси хунрезиҳои бепоён ва ҷанги бародаркуширо ба майдон овард. Ин наҳзатиҳо боз як фармони дигари худро ворид кардан аз байн бурдани ҷони донишмандону олимон, муаллимон, табибон ва зиёиёни кишвар, чунки пас аз байн бурдани ин шахсон ба вартаи ҷанг кашидани мамлакат боз ҳам осонтар буд. Дар ин муддат дар кишвари пароканда ҷанги бародаркуш ҷони 150000 нафар шаҳрвандонро рабуда, 55000 кӯдаки ятиму бепарастор, зиёда аз 25000 зани бешавҳару бесаробононда, беш аз 1миллион гурезаҳо, зиёда аз 10 милиард доллар хисороти иқтисоди миллӣ, зиёда аз 36 ҳазор манзили ба хоку хуну оташ кашида, ҳазорҳо мактабу бемористон, осоишгоҳу иншооти сӯхтаву валангор, ноумедӣ ба фардои зиндагӣ, 1400 сарбозу афсари ҷоннисоркарда ва садҳо миллион хисороти ҳисобнашуда ба саҳифаи таърихи кишвар навишта шуд. Ба майдон марди далер ва ҷасуре ба сари давлат омад, ин қудрати Худодод буд, ин Пешво як мақсад дошт аз байн бурдани ҷанг ва сулҳу ваҳдатро пойдор кардан ва ӯ чунин гуфт: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам, сулҳ!» Ба ваъдааш вафо кард… ва кишварамон соҳиби арзишҳои миллӣ шуд, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Сарқонун, соҳиби Парчам ва Нишони худ гашт. Ҳар яки мо бояд қадри ин арзишҳоро донем ва чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва нагузорем, ки он фоҷеа бори дигар такрор шавад, ба монанди давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Ливия. Чунин шахсон то кунун вуҷуд доранд ба мисоли гурӯҳи-24- Шарофидин Гадоев, Паймони миллӣ- Муҳидин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва Паём Нюс, ки мехоханд аз мушхонаҳои интернетии худ вазъи сиёсӣ ва андешаҳои мардумро дигар ва халалдор созанд, Аммо афсӯс ин фоҷеаи таърихи гузашта, дигарбор такрор нахоҳад шуд! Чунки мардуми бонангу номуси кишвар дар зери осмони боамну сулҳофари кишвар зиндагӣ ба сар бурда, гузаштаи сангинро намехоҳанд дубора такрор кард… Мо бояд пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Ин нанг аст, номус аст ва қарзи ҳар яки мост, давлату давлатдорӣ!
Гурӯҳи волотёрони ноҳияи Панҷ