БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР НАФАРЕ, КИ СУРАТИ ОДАМӢ ДОРАД, ИНСОН НЕСТ ВА ҲАР НАФАРЕ, КИ САР ДОРАД, БОАҚЛ НЕСТ ДАР МИСОЛИ НАҲЗАТИЁНИ ХИЁНАТПЕША!

ВОКУНИШ. Дар воқеъ рӯзгор нишон медиҳад, ки ҳар нафаре, ки сурати одамӣ  дорад, инсон нест ва ҳар нафаре, ки сар дорад, боақл нест. Ҳамин ҳолатро дар мисоли наҳзатиён ва дигар душманони миллати тоҷик дидан мумкин аст. Зеро ҳамаи наҳзатиён имрӯзҳо ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин худ гувоҳ аз ҳамон гуфтаҳои болост.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ҷараён дорад. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, фарогир мебошад.

Баъд аз тамошои филми мазкур ман ҳамчун як ҷавон шукрона оз он намудам, ки имрӯз дар яке аз давлатҳои орому осоишта зиндагӣ карда истодаам, ки дар он сулҳу субот пойдор аст ва ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусалмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм олуда месозанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ менамоянд, зеро медонанд, ки дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафар мегарданд.

Ҳақиқатан, дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода мешавад.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми хешро дар ҳама ҳолат ҳифз менамояд, қаҳрамониҳо Шераку Восеъ, Темурмалику Деваштич ва дар баробари онҳо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели гуфтаҳои болост.

Наҳзатиён ва дигар пайравонашон бояд донанд!!! Он роҳе, ки онҳо пеша кардаанд, охираш торикист ва ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро нангу номус ва ғурури ҷавонони тоҷик намегузорад, ки нохалафе ё нотавонбине зарар ба Ватану миллати хеш расонад.

Мо набояд фаромӯш намоем, ки наҳзатиён як маротиба аз боварии мардум истифода намуда, чи хел кишварро ба хоку хун кашиданд ва сарсону саргардон намуданд. Акнун боз мехоҳанд, ки ҳамин хиёнат ва разолатро такрор кунанд ва боз ҳам мехоҳанд мисли қаблӣ дар рӯяшон ниқобҳои хиёнаткориро кашида миёни ҷомеа роҳ ёбанд. Аммо миллати тоҷик набояд фаромӯш созад, ки оқибат “гургзода гург шавад” ва “аз хиёнаткор хоин”.

Аз ин рӯ, ман аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меорам, ки сухани шоир  Ғаффор Мирзоро фаромӯш насозанд, ки ишора бар мардуми тоҷик намуда, гуфтааст:

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?

Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?

Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?

Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?

Чун нафаси накӯ бадар ман наравам, кӣ меравад?...

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?

Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?

Зулфов Муҳаммадҷон,  Роҳбари  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg