А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ ҳар рӯзи шанбе корҳои ободонӣ, тозакунии кӯчаю гулгаштҳо ва биною қитъаи заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо гузаронида мешавад.
Дар ҳамкорӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия кормандон аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”, ташкилотҳои ибтидоии “Кишоварз” ва “Фарҳангчиён” дар боғи фарҳангу истироҳатии ноҳия корҳои ободонӣ гузарониданд. Иштирокдорон дар боғи фарҳангии ноҳия ба корҳои тозакунию атрофи боғ, рӯбучини роҳраву гулгаштҳо ва тоза кардану ба тартиб даровардани дарахтони боғ машғул гардида, мавзеи барои гаштугузори одамонро дар боғ аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карданд.
Дар ин замина ҳолати санитарию гигиенӣ ва фазои экологиро дар боғи фарҳангии ноҳия таъмин намуданд.
Фаъолони ҳизб ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ин чорабинӣ аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро ҳамроҳӣ намуда, дар баробари корҳои ободонӣ ба иштирокчиён корҳои таблиғотиро дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии пандемияи “Ковид - 19” амалӣ намуданд. Таблиғот тариқи суҳбати инфиродӣ гузаронида шуда, ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии пандемияи “Ковид - 19” дастрас гардонида шуд.