ХОВАЛИНГ. Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси Аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “хона ба хона” бо сокинони кӯчаи ба номи Ҳабибулло Файзуллои маркази ноҳия вохӯрда, ба онҳо дар бораи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил суҳбат карданд.
Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар ин рӯз тавонистанд, ки аз ҳавлии зиёда аз 78 бошандагони кӯча дидан намуда, ба соҳибони онҳо оид ба захираи маводи озуқаворӣ суҳбат намоянд.