БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТИ САРИРОҲӢ БО СОКИНОН

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҷиҳати фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ба шаҳрвандон, ки ин бемории хавфнокро ҷиддӣ нагирифта, дар кӯча бе зарурат ва бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор менамуданд, суҳбат намуда, амали ба худи онҳо ва дигарон зарароварашонро фаҳмониданд.

Инчунин, таъкид намуданд, чунин рафтори хунукназаронаи онҳо метавонад боиси паҳнгардии бемории коронавирус ва сироятёбии дигарон гардад. Барои чунин рафтори бемасъулиятона дар Ветнам (касе, ки бениқоб гашта боиси сироятёбии дигарон мегардад) ба муддати 12 сол ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад.

Дар чунин шароит ҳеҷ кас ҳақу ҳуқуқи худсарона рафтор намуданро надорад, зеро чунин амали онҳо ба дигарон, ба ҷомеа зарар меоварад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg