АНДЕША. Ваҳдат чи қадар калимаи пурмаъно, пурҷилло ва нотакрор аст. Аз калимаи Ваҳдат накҳати осоиштагию амонӣ ба машом мерасад. Дар он давлате тинҷист дар онҷо ваҳдат ҳукмфармост. Дар рӯзҳои омодагӣ ба 23-юмин солгарди ин ҷашни фархундапай дидани чеҳраҳои шоду хандони пиру барнои кишвар, ки нишонаи соҳибдавлату соҳибватан будан аст, боиси ифтихору қаноатмандист. Пас, мо тоҷикон бояд ба қадри ин номи пуршараф бирасему шукргузорӣ кунем аз Ватани тинҷу осудаамон. Шукрона аз он, ки Худои бузург бори дигар ин меҳани биҳиштосоро ба мову Шумо насиб гардонд. Зеро дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳои парокандагӣ, беҳуқуқӣ, нокомиву сарсонӣ ба хаёли касе намеомад, ки рӯзе меояду нафаре бо чунин боварӣ, ғуруру мардонагӣ, ҷасорати камназир овардани сулҳу ваҳдатро ба мардуми хеш ваъда медиҳад.
Ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу мӯътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони содиқи Ватан Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омад. Ин марди наҷиб тавонист бо он ғурури миллӣ, мушкилнописандӣ, устуворӣ ва хиради азалие, ки дошт тавонист мову Шуморо бори дигар соҳибватану соҳибдавлат гардонад. Кунун мардуми кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарини - Рӯзи Ваҳадати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Шоми зебои Ватан имрӯзҳо бисёр ҳам орому осудаву ваҳдатбор аст ва бошад, ки мо ҳамеша мисли имрӯз сарҷамъ, худшинос, худогоҳ, меҳанпараст, иттифоқу сулҳхоҳ бошему ҳамеша ваҳдати пойдори Ватанро, ки бисёр гарон ба даст овардем, содиқона ҳифз намоем. Зинда бод сулҳи ба даст омадаи тоҷикон! 23 – соли баҳори умрат муборак, Ваҳдати миллӣ! Амнияту осудагиат мубораку ҷовидонӣ бод ай Ватан!
Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант