ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Бурдангали Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов суҳбати сарироҳии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик Алихонова Бибинисо баргузор гардид.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз дошт, ки саломатии ҳар яки мо аз худи мо ва муҳити зисти мо вобастагӣ дорад. Аз ин хотир моро месазад, ки дар ҳифзи саломатии худ масъулиятнок бошем ва дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ибрати дигарон бошем. Инчунин, дар идомаи субат вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Алихонова Бибинисо аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо истифодаи самараноки замин ёдовари намуда, сокинонро дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат раҳнамоӣ кард.
Дар охир ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.