ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии раванди корҳои кишти такрорӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант дар маҳаллаи ба номи Аҳмади Дониш бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин дар суҳбат бо сокинон нисбати корҳои ободонии гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, созандагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии касалиҳои сироятӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, ба овозаву дассисаҳои бардурӯғ бовар накардан ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуда, таъкид карданд, татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ моро ба зиндагии босаодат мерасонад.