ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Сабзиҳарф” бо ҷалби волонтиёрон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Доим солим бимонед!”-ро роҳандозӣ намуданд. Масъулин зимни баргузории Аксия ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро дастрас намуда, дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон маълумотҳо доданд. Инчунин, тавсия доданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён безарурат ва бениқоби тиббӣ ба кӯча набароянд, хусусан калонсолон бо риояи гигиенаи шахсӣ саломатии худро нигоҳ доранд.