ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Ёзғанд” бо ҷалби волонтёрон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19 ” доир карда, ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ниқобҳои тиббиро дастрас намуданд.
Зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо мардум огоҳонида шуд, ки аввалан ба ҳар гуна овозаҳо бовар накарда, ба таҳлука наафтанд, бахусус, хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд, гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ дар вақти зарурат баромадан ба кӯчаро ҳатман риоя карда, саломатии хешро нигоҳ доранд.