БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рақобат ба сифати хуби маҳсулоти истеъмолӣ дар таъмини солимии аҳли ҷомеа нақши созанда дорад

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ» дар мавзӯъи «Баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулоти истеъмолӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани ҷомеа» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи Ғаворова Насима, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Саидов Назаралӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сабурзода Насим моҳияти  китоби тозанашри «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!»-ро ба иштирокдорон фаҳмонида,  қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу соита ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст.

Бинобар ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ мақомотҳои давлатии ваколатдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ зарур аст, доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешида шавад ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg