ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Левакант дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Иброҳимова Зуҳро ба 10 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон кумаки маводи ғизоӣ расонида шуд.
Зимни рӯ ба рӯ шудан бо сокинон таъкид карда шуд, ки дар ин давра ҳатман ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд ва ба ҳар гуна овозаву хабарҳои бардурӯғ бовар накарда, саломатии худ ва атрофиёнро эмин нигоҳ доранд.