БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОН ДАР ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа, бартарф ва  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии қоронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳяи Кӯшониён ва фонди ёрии байналмилалии саломатӣ  бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро дар яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳия,  деҳаи  Эргаши Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа роҳандозӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ маводҳои ғизоӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба таври ройгон дастрас карда шуданд.

Хотиррасон, бояд кард, ки дар ин чорабинии мақсаднок волонтёрони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб саҳми назаррас гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg