КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар бунёд ва азнавсозии манзилҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида саҳми беандозаи худро гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёд босуръат идома дошта, умед аст, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ сокинон аз зери хаймаҳо ба хонаҳои навбунёди худ кӯч мебанданд.