БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОРАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматӣ ва роҳравҳо суҳбату вохӯриҳо доир карда, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва худдорӣ намудан аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, ки ин амал то ҳол идома дорад.

Яке аз чунин корҳои фаҳмондадиҳи дар деҳаи Умарқазоқи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия бо иштироки кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ноҳияивии ҳизб доир шуд, ки масъулин дар рафти чорабинӣ ба аҳоли оиди бемории COVID-19 маълумот дода, ҳамзамон муроҷиатномаи ҲХДТ ва даҳонбандаки тиббӣ ба таври ройгон ба аҳолии деҳаи мазкур дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg