КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус Аксияи таблиғотиро таҳти унвони “хона ба хона”, “рӯ ба рӯ” доир намуданд.
Масъулин дар рафти баргузории Аксияи тарғиботӣ ба шаҳрвандон таъкид намуданд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шустани дастон бо собун, аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист. Зимни баргузории чорабинӣ дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 400 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд. Баргузории чунин аксияҳо давоми чанд рӯз аст, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.