БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД БА СОКИНОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи коронавирус ва истифодаи замин дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ ва маҳаллаҳо  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.  Чунин вохӯрӣ дар дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Мунаввар”  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат қайд намуданд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон   хушбахтона, сирояти коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида бигирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем.  Агар мо бихоҳем, ки худ ва наздикони худро аз ин беморӣ ҳифз намоем, моро зарур аст, ки тавсияҳои созмонҳои умумиҷаҳонии тандурустиро қатъиян риоя намоем.

Дар фарҷом ба сокинон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди  дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шустан,  аз даҳонбанд (маска) истифода бурдан, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан ва дигар талаботҳои беҳдоштӣ тавсия додашударо риоя намуда, саломатии худ ва ҷамъиятро  ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg