ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Садриддин Айнӣ оид ба самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Бояд қайд намуд, ки деҳқонони заҳматкаши ноҳияи Қубодиёни бостон аз қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии худ ҳосили якумро ба даст оварда, ба кишти такрори машғуланд.
Дар баробари ин бо шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 суҳбат намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуданд.