БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ ВА ОНРО БОЯД ҲАМЕША ҲИФЗ НАМУД

Н.ХУСРАВ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус   ва ҳифзи  саломатии  шаҳрвандон  гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   дар  деҳаи Бешкент  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  дар  байни  мардум  ва  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо ба  роҳ  монда  истодаанд.

Ҷиҳати  ба  сокинон  фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирус  гурӯҳи  корӣ  бо  усули « хона  ба  хона» ва  дар  саҳро   вохӯриҳо   баргузор  намуда, таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро варақаҳои  тавсияии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон   ва  Муроҷиатномаи  ҲХДТ-ро тақсим намуданд. Ёдовар  намуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя намуда, дар ҷойҳои серодам аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg