ВОКУНИШ. Тамошои филми ҳуҷҷатии ”Хиёнат” маро водор намуд, ки қалам ба даст гирифта, дар бораи амалҳои хиёнаткоронаи Ҳизби террористӣ – экстремистии назҳати ислом ва роҳбарони ватанфурӯши он бори дигар андешаҳои худро баён дорам.
Ба ёд овардани он рӯзҳои мудҳиш, ки бародар дар симои бародар душмани ашадии худро медид, барои шоҳидони ҳол хеле душвор аст. Ҳизби наҳзати ислом ва роҳбарони он бо пинҳон доштани мақсади асосии худ бо суханони дурӯғ ва авомфиребона тавонистанд мардумро ба минтақаҳо ҷудо намуда, бародар бо бародаро душмани ҷони якдигар гардонанд. Дар он рӯзҳо тоҷик аз дигар миллату халқиятҳо не, балки аз тоҷик, ҳаммиллати худ тарсу ҳарос дошт. Имрӯз бо далелҳои қотеъона исбот шудааст, ки (ин гуфтаҳо дар филм ҳам бори дигар тасдиқи худро ёфтааст ) ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон ба амал омада ҷанги таҳмиллӣ буд ва онро дар ивази маблағгузории хоҷагони хориҷӣ, роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом дар амал татбиқ карданӣ буданд.
Мақсади душманони давлату миллат дигар кардани сохти давлатдорӣ ва ба ҷои он барпо намудани давлати исломӣ буд.
Дар он рӯзҳое, ки парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлат ҷой дошт, Худо раҳми ин халқи азияткашида ва ҷабрдидаи тоҷикро хӯрда, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард. Бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз қадами аввал роҳи мусолиҳатомези низои байни тоҷиконро пеш гирифт ва ҳамаро ба сулҳу оштӣ даъват намуд, тири душманон хок хӯрд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат мухолифини давлатро маҷбур сохт, ки сари мизи гуфтушунид нишинанд.
Имрӯз хоинони ватанфурӯш, ки дар хориҷ паноҳ мебаранд, заҳматҳои сулҳофарии Президенти мамлакатро нодида гирифта, дар сулҳи тоҷикон саҳми бештардоштаи роҳбарони ҲНИ- ро таъкид месозанд. Ҳол он ки шоҳидони он рӯзҳо хуб медонанд, ки роҳбарони ин ҳизби террористӣ музокироти сулҳро ба ҳар баҳона кашол дода, барои имзои шартномаи истиқрори сулҳ шартҳои барояшон манфиатоварро ба миён мегузоштанд. Яке аз ин шартҳои гузошташуда 30 дарсади мансабҳои давлатиро соҳиб шудани мухолифин буд.
Хуб дар ёд дорем, ки музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон давом кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифта буд. Дар натиҷа 40 санад ба имзо расид, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро да Тоҷикистон ҳал менамуд. Он рӯзҳо барои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик аз сулҳ дида, чизи қимматере вуҷуд надошт. Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳи сартосарӣ ба ҳамаи шартҳои гузоштаи мухолифин: додани 30 дарсади мансабҳои давлатӣ, авфи гунаҳгороне, ки дар ғорат ва куштори одамон даст доранд ва дигару дигарҳо гузашт намуд.
27 - июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон яку якбора ба сулҳу субот нарасид. Ба Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки барои таъмини сулҳи сартосарӣ, барқарор намудани фазои боварӣ ва эътимод ба якдигар, аз байн бурдани кинаву адоват, фаҳмонидани ҳадафҳои сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ ва дар амал татбиқ намудани созишномаи имзошуда корҳои зиёди вазнини шабонарӯзиро иҷро намояд.
Дар филми ҳуҷҷатӣ собиқ роҳбарони ин ҳизб Айёмиддин Сатторов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарон дар баромадашон қайд намуданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо дастуру маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва бо дасти роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом ба амал оварда шуд.
Маҳз бо гуноҳи роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом ба давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо маблағи 10 - миллард доллари амрикоӣ зарари моллӣ расид. Чандин ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қурбон шуда, зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда, биноҳою иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муасиссаҳои тиббӣ, маъориф ва идораҳои давлатӣ хароб гардида, 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Зиёда аз як миллион тоҷикон гуреза шуданд.
Як мақоли халқие ҳаст, ки “Ягон гурба аз барои Худо муш намедорад.” Роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом ҳам ҳамаи ҷангу мусибати ба сари мардумовардаашонро танҳо аз хотири манфиати шахсӣ амалӣ сохтанд. Айёмидин Сатторов дар баромадҳояш, аз ҷумла дар филм ҳам гуфт, ки Ҳизби наҳзати ислом аз хоҷагони худ аз давлатҳои бо ном ба мо дӯст маблағҳои калон ба даст меоварданд, ки қисми зиёдашро байни худ тақсим намуда, қисме аз онро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ – дигар кардани сохти давлатдорӣ ва бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон истифода менамуданд.
Гарчанде Кабирӣ ва думравонаш имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ нисбати давлату роҳбарони он санги маломат зананд ҳам, мардуми Тоҷикистон кию чӣ будани онҳоро медонанд. Медонанд, ки ин хоинони миллат ҳоло ҳам аз нияти нопоки худ бар нагаштаанд.
Ба даст овардани сулҳу субот барои ташкили сохторҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Раванди сулҳ ба Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд биорад. Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ дар асоси сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии давлат – ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардида истодааст. Ҳамаи ин пешравиҳо, сохтмонҳои азими гидроэлектрикӣ, роҳҳои ба талаботҳои байналмилалӣ сохташуда, корхонаҳои нави истеҳсолӣ, биноҳои хуштарҳи соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба чашми хоинони миллат - Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш чун хор мехалад. Боре нашудааст, ки онҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳарфе ба забон оварда бошанд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон дӯстро аз душман ҷудо карда метавонанд. Медонанд, ки Кабирӣ нисбати давлату миллат чӣ хиёнати нобахшидание содир кардааст.
Шоҳид гардидем, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дигарон он тараф, хешу табор ва наздиконаш барои хиёнати ба давлату миллатнамуда ба ӯ лаънат хонданд. Аз лаънаткардаи халқ будан барои инсон ҷазои вазнинтаре нест. Гарчанде Кабирӣ аз тарси ҷазо дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда бошад ҳам, ҳукми ҷазои ӯро халқ, онҳое, ки ранҷу азоби хиёнат ба давлат намудаи ӯро кашидаанд, баровардаанд, ки он лаънаткардаи халқ аст.
Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг