БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДА БОД ИСТИҚЛОЛИЯТ! ПОЯНДА БОД ВАҲДАТ! ЗИНДА БОД ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

ВОКУНИШ. Чанд рӯз қабл аз тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо карда, хостам назари худро ҳамчун як нафар шаҳрванд иброз намоям. Мехоҳам бо ин нигоштаҳои худ ба саркардаи гурӯҳҳои хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ расонам, ки мисли ман ҳазорон тоҷикистонии шоҳиди воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ва бедодгариҳои назҳатиён зиндаанд ва мо намегузорем, ки бо ӯву ӯ баринҳо бо шайтониву иғвоангезӣ осудагии мову ҳамватанонро дарҳам занад.

Хуб дар ёд дорем, ки соли 1991 бо пош хӯрдани кишвари паҳновари Шӯравӣ мувозинати манфиатҳои геопалитикию геостротегии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон халалдор гардид. Дар таърихи аҳли башар марҳилаи сифатан нави сиёсӣ, давраи нави зери таъсири абарқудратҳо қарор гирифтани минтақаҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупои шарқӣ фаро расид. Ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси ҷомеаи башарӣ рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли дигар давлатҳои акнун ба истиқлолият расида ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳанги рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати буҳронӣ ҳанӯз аз соли 1990, ки аллакай сиёсати мутамаркази Итттиҳоди Шӯравӣ заиф гашта буд, зуҳур мегардид. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамоми мақомоти марказии давлатӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои зиёде ҳамчун неруи қавии қудратталаб шакл гирифтанд, ки бузургтарини онҳо ҳизби наҳзати ислом буда, аз берун идора ва маблағгузорӣ карда мешуданд. Неруҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ва низоҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду сангар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе, ки он вақт яке шаҳидон ва дигаре озодӣ номида мешуд, ду гурӯҳи гирдиҳамоии бисёрнафара ташкил ёфт. Дархостҳои ҳомили ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ва таҳрикҳои мутақобилаи гирдиҳамомадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо ҳушу гӯши шунидан ва таҳаммули алфози ҳамдигарро надоштанд.

Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳӣ надошт, яке аз фоҷеаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирдиҳамомада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротӣ. Онҳо бо дастуру ҳидояти хоҷагони хориҷии худ барои ба сари қудрати сиёсӣ расидан солиёни зиёд омодагӣ дида буданд ва аз рафтору гуфторашон баръало аён буд, ки нияти хуб надоранд.

Дар ҳамон лаҳзаи ниҳоят даҳшатбору ҳассоси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баргузор кардани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ кори бисёр сангин буд. Ниҳоят дар ҳамон давра тамоми аъзои Ҳукумати давр ва вакилон ҷони худро зери хатар монда, дар қасри Арбоби вилояти Суғд 16- ноябр бо мақсади хомӯш кардани оташи ҷанг, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро гузарониданд. Дар Иҷлосияи 16-ум аз миёни тамоми вакилон ва иштирокдорон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтавои худ баромад намуда, масъагузориҳояшон баҳри хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сулҳу салоҳ овардани миллати тоҷик писанди аҳли нишаст ва вакилон гардид. Ҳамин тариқ аз 197 вакиле, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ширкат доштанд, 186-нафарашон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ҳамин тариқ баъди масъалагузориҳои зиёд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуду тамоми гурӯҳҳоро ба сулҳу осоиш даъват намуданд.

Таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти комил ба даст овард, мардум сарҷамъ шуд, Созишномаи ризоияти Ваҳдати миллӣ бо гурӯҳҳои мухолиф дар шаҳри Маскав 27-уми июни соли 1997 баста шуд. Зарфи 28-сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувори худро ба пеш мегузорад. Вале гурӯҳҳои ифротию тундгаро ҳанӯз ҳам бо рафтору кирдори ноҷавонмардонаи худ ҳарфу ҳиҷои носазо мезананду амалҳои ғайри қобили қабули инсониро анҷом медиҳанд. Ба ҳар сурат дигар мардуми тоҷик ба фиребу васвасаҳои гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар сомонаҳои иртиҷоии «Истоҳнет», «Ахборком», Ахбори имрӯзи гурӯҳи 24 ва ҳоказо, барои ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон ҷор мезананд,  бовар нахоҳанд кард. Чунки мо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро бо кашмакашиҳои зиёд ба даст овардем ва намегузорем, ки нохалафе ин муқаддасоти моро аз мо бигирад.

Ғулом Кенҷаев, собиқадори ҲХДТ  аз шаҳри Левакант

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg