БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАН АМАЛЕСТ, КИ ҲЕҶ ГОҲ БАХШИДА НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Тайи чанд рӯз аст, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро намоиш дода истодаанд, ки тамошои он барои ман, ки он ҳодисаву воқеаҳои сахту сангин ва  нангинро бо чашми сар надидаам, хеле риққатовар буд. Ҳарчанд аз хиёнатҳои солҳои охир дар ҳаққи Ватану миллат раводидаи гурӯҳҳои хиёнаткор огаҳӣ дорем, вале дар ин филм ҷузъиёти хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати ислом аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бо далелҳои муътамад овардашуда воқеан барои огоҳии насли ҷавон аз амалҳои норавои саркардагони ин ҳизби кисагӣ ва фармонбари гурӯҳҳои манфиатхоҳу қудратталаб ниҳоят зарурию саривақтист. Зеро ҳизби наҳзати ислом, ки аз давлатҳои исломӣ рондашудаву ба чанд гурӯҳу гурӯҳчаҳо тақсимшуда, ҳанӯз ҳам талош доранд аз ҳисоби ҷавонони камогоҳ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ сафҳои худро пурра созанд.

Фикр мекунам ҳама ҳамсолони ман бо тамошои ин филм акнун эҳсос мекунем, ки чаро шахсони калонсол замони ёдоварии он солҳои мудҳишро  мекунанд ва аз Офаридгор хоҳиш мекунанд, ки даҳшати дидаи онҳоро мо – насли ҷавон набинем. Дидем ва эҳсос кардем, ки ин ҷанг ҷанги яку якбора ва ба соддагӣ бавуқӯъпайваста набудааст, балки нақшаи тарҳрезишудаву санҷидашудае будааст, ки ҳадафмандона роҳандозӣ гардидааст. Пай бурдан мушкил нест, ки аъзои ин гурӯҳ, ки баъдан бо унвонҳои болохонадори мавлавию эшону ҳазрат ва ҳоказо ба майдон омаданд, эҳсосотӣ будани мардуми тоҷикро рӯйи эътиқоди динӣ баъди солҳои тӯлонии маҳдуд сохтани парастиши ин ё он дин аз ҷониби Ҳукумати Шӯравӣ  хуб дарк мекарданд ва аз рӯйи даъватҳои исломӣ мардумро ҳадафмандона ба шӯр меоварданд.

Кор гирифтан аз эътиқоди динии мардум қадами аввалин ва барангезандаи ин гурӯҳи муташаккил буд, ки баъдан боиси ба ду сангар тақсим шудани мардуми тоҷик, кушта шудани беш аз 150  ҳазор ҳамватанон, фалаҷ шудани ҳукумати онвақта ва хисороти зиёд дидани иқтисодиёти мамлакат гардид. Маҳз ҳамин равия исбот месозад, ки саркардагони ин ҳизби манфур аз қабл бо ташкилотҳои экстремистиву тундгаро ҳамдаст буда, мардуми аз нақшаҳои касифи онҳо ногоҳро ба доми бало кашонидаанд. Чунки аз таърих огаҳем, ки бо чунин роҳу усул дар чандин давлатҳо табадуллот ба вуҷуд овардаанд ба мисли гурӯҳи террористӣ эълоншудаи «Ихвон-ул-муслимин», ДОИШ, Боко – ҳарам, Ансоруллоҳ…

Имрӯзҳо Кабириву дигар ҳаммаслаконаш ҳар ҳодисаву воқеаи дар Тоҷикистон бавуқӯъпайвастаро тавассути сомонаҳои интернетии «Ислоҳнет», «Ахборком», «Радиои Озодӣ», «Тоҷнет» ба риштаи танқид мекашанду суханҳои пур аз тамасхуру танқиди худро дареғ намедоранд.

Ҳатто дар рӯзҳои сирояти вируси ҳамагиру маргбори коронавирус ин гурӯҳ беш аз пеш даву тоз намуда, хост то фазои сиёсии Тоҷикистонро ноором созад. Пайдост, ки ин гурӯҳ ҳеҷ гоҳ аз мақсадҳои нопоки худ дастбардор нестанд. Аз ин рӯ, бигзор онҳо ба ҷазои худ ҳамчун хоинони Ватану миллат бирасанд, зеро ҳар амали онҳо хиёнат аст. Хиёнат ба ин сарзамин, хиёнат ба шаҳидони роҳи озодӣ, хиёнат ба миллат ва Ватан, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт  бояд бахшида нашавад.

Гурезов Азиз, аъзои маҳфили волонтёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg