КӮЛОБ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбь таҳти унвони “Солимии миллат – бақои давлат!” ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус кормандону ихтиёриёни масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Корези поён ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки аз мавзеъҳои серодам худдорӣ намоянд ва танҳо дар ҳолати зарурат ба кӯча бароянд, аз ҳамин лиҳоз бо эҳтиёт бошанд ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоянд.
Зимни баргузории ин аксия ба аҳолӣ наздики 400 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.