КӮЛОБ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод. Нахуст аз Китобхона ва дигар утоқҳои кории Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб боздид намуда, аз кормандони масъули ҳизбӣ даъват ба амал овард, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро миёни мардум пурзӯр карда, пайваста донишҳои сиёсии худро муккамал намоянд.
Мавсуф баъди боздид аз утоқҳои кории бинои маъмурии ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб ва ихтиёриён мулоқот баргузор намуд. Миралиён Қиёмиддин зимни суҳбат бо иштирокдорон оид ба истифодаи самараноки хар китъа замин, рушди кумитаи маҳал, аз ҷумла сохтани дӯкони фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, утоқи раисони маҳалла ва сохтани ҳаммому ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ дар шаҳри Кӯлоб маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Дар баробари ин иштирокдорон ба Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои пешниҳоди чунин иқдомҳои саривақтӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати амалишавии ин иқдомҳои созанда саҳми худро мегузоранд.