БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Бояд  қайд намуд, ки  дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои  дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдонҳои кишти картошкаву пиёз ва  дигар зироатҳо зиёд карда шудааст.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза бо масъулину  кишоварзони  шаҳри Кӯлоб мулоқотҳо анҷом дода, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм месозанд.

Чунин як суҳбат дар деҳаи Зарқалъаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо кишоварзони соҳибтаҷриба доир карда шуд. Деҳқонон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбати ин соҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар навбати худ ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба мардуми деҳқон, талош хоҳанд кард, ки бо маҳсулоти худ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳисси бештар гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg