БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУВАФФАҚИЯТ ДАР КАНОРИ ЯКДИГАР БАР ДАСТ МЕОЯД

ВОКУНИШ. Тӯли зиёда аз 6 моҳ мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳониро беморие ба ташвиш овардааст, ки таърихи инсоният мислашро ёд надорад. Имрӯз дар сархати тамоми расонаҳои ВАО ва  шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷои хатарҳои терроризму экстремизм, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гирифторшавӣ ба бемории ВИЧ/СПИД,  сироятёбии одамон ба вирусе ҷой гирифтааст, ки ин вирус коронавирус (COVID-19) ном гирифтааст.

 

Ин вируси хатарнок охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар вилояти Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шуда, то ба имрӯз зиёда аз 210 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, тақрибан 9 млн. нафар одамон дар сайёра ба ин вирус гирифтор шудаанду  зиёда аз 400 ҳазор одамон бар асари ин вирус ҷони худро аз даст додаанд. Имрӯз тамоми созмонҳои тандурустии ҷаҳон, давлатҳои абарқудрат ба монанди Амрикову  Россия, Чину  Олмон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ваксинаеро ба муқобили ин вируси хатарнок пайдо намоянд ва ҷони инсониятро аз марг раҳо диҳанд.

Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои ҷудонашавандаи ҷомеи ҷаҳонӣ мебошад, аз чунин хатарҳо эмин буда наметавонад. Новобаста аз оне, ки Ҳукумати мамлакат барои ба қайд гирифта нашудан ва сироят наёфтани сокинони кишвар ба ин вирус тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд, вале мутаасифона ин беморӣ  охирҳои моҳи апрели соли 2020 дар қаламрави Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуд. Имрӯз аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар барои табобати бемороне, ки ба ин вирус гирифтор шудаанд, тамоми шароит муҳайё карда шудааст ва табобати онҳо дар беморхонаҳои мамлакат ройгон ба роҳ монда шудааст.

Бояд ёдовар намоям, ки ба қайд гирифта шудани ин беморӣ  дар кишвар барои хоинони миллати тоҷик, ки дар давлатҳои хориҷа зиндагӣ мекунанд, баҳонае пеш омад, ки дар байни мардум мехоҳанд боз иғво барангехтан фазои ороми Тоҷикистон ва зиндагии осудаи тоҷикистониёнро халалдор намоянд. Маҳз ин гуфтаҳои ман ба яке аз хиёнаткороне, ки худро тоҷик ва зодаи модари тоҷик меҳисобад, ин роҳбари ташкилоти террористӣ- экстремистии (ТТЭ) собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки бо сарпарастии хоҷагони худ дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад.

Ин хоинони миллати тоҷик бо ҳар баҳонае мехоҳанд мардумро гумроҳ намуда, фазои ороми ҷомеаро ноором созанд, зеро солҳои 90- уми асри гузашта ҳамин роҳро истифода намуда,  дар мамлакат ҷанги шаҳрвандиро ба миён оварданд. Хушбахтона, миллати тоҷик он миллати солҳои 90- ум нест, зеро чеҳраи воқеии наҳзатиҳоро бо роҳбарии  Муҳиддин Кабирӣ шинохта кардаанд.   

Тайи чанд рӯз мешавад, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш баромадааст, ки дар он тамоми  амалҳои нопокӣ наҳзатиҳо бозгӯ мебошанд.   

Имрӯз на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми давлатҳои ҷаҳон бар зидди  бемории бо ном COVID-19  мубориза мебаранд.

Мехоҳам  ба мардуми Тоҷикистон хосса ҷавонони саодатманди диёр ёдоварӣ  намоям, ки яке аз омилҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ  риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ мебошад. Бинобар ин худ ва дигаронро аз сироятёбӣ нигоҳ доранд.

Боқӣ нисбати наҳзатиҳо андеша якест! “Писари хар яқин хар мемонад”.....

Расулов Ғолиб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg