БОХТАР. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар аз 15 июн бозорҳо ва марказҳои фурӯшу хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти мубориза бо коронавирус ва назорат аз рафти иҷрои тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҷониби соҳибкорону мизоҷон дар бозори “Фаровон- Қӯрғонтеппа” -и шаҳри Бохтар аз ҷониби ситоди дохилиидоравӣ корҳои тарғиботӣ ва оммафаҳмонӣ доир карда шуд. Аъзои Ситод таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо харидорону савдогароне, ки бе ниқоб вориди бозор шудаанд, суҳбат ороста, таъкид дошт, ки пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон моро лозим аст, ки ин тавсияҳоро қатъӣ риоя намоем. Ба фаъолият оғоз намудани бозор, марказҳои хизматрасониву савдо манънои онро надорад, ки дар кишвар пурра КОВИД -19 нест шудааст. То ҳоло мубориза бо он дар тамоми ҷаҳон идома дорад. Аз ин рӯ, бори дигар аз ҳамватанон даъват менамоям, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро қатъӣ роия намоянд. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби волонтёрон зиёда аз 200 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.